серкорӣ — [سيرکاري] кори зиёд доштан, ба корҳо андармон будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
камкор — [کم کار] он ки кору машғулияташ кам аст; муқоб. серкор; он ки маҳсули кораш андак мебошад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
камкорӣ — [کم کاري] камкор будан, кам маҳсулӣ; муқоб. серкорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пуркор — [پرکار] серкор, он ки ҳамеша машғули кор аст; фаъол; муқоб. камкор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пуркорӣ — [پرکاري] серкорӣ; таҷрибанокӣ, пухтакорӣ: пуркории ҳайратангез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сархорӣ — I [سرخاري] 1. хоридани сар 2. маҷ. даранг дар иҷрои коре, баҳонаҷӯӣ барои сар тофтан аз коре; ба сархорӣ вақт надоштан хеле серкор будан, вақти холӣ аз кор надоштан II [سرخاري] гуфт. коре (касе, янтоқе, пахоле ва ғ.), ки барои эмин доштан аз… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сер — I [سير] 1. он ки нав хӯрок хӯрда шикамаш пур аст ва майли хӯрокхӯрӣ надорад; муқоб. гурусна 2. маҷ. пур, саршор 3. ҷузъи пешини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои зиёд ва фаровон будани чизе: серкор, серталаб, серғайрат, серташвиш, сероб ва ғ. ;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
серамал — [سيرعمل] серкор, серҳаракат; фаъол … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
серамалӣ — [سيرعملي] серкорӣ, серҳаракатӣ; фаъол будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ